Кумакҳои башарии Тоҷикистон ба сокинони осебдидаи Қазоқистон расид

Рустам Назарзода

Имрӯз, 20 апрели соли 2024 дар шаҳри Саригаши Ҷумҳурии Қазоқистон маросими супурдани кумаки башардӯстона ба аҳолии аз сел осебдидаи Қазоқистон баргузор шуд.

Дар назди ҳозирин Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода суханронӣ кард.

Ӯ зимни суханронии худ қайд намуд, ки кумак ба мардуми бародари қазоқ бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Муовини аввали вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва раиси вилоят ба мардуми тоҷик барои кумаке, ки дар чунин як замони душвор барои ноҳияи осебдидаи расонида шуд, изҳори сипос карданд.

Кӯмаки башардӯстона, ки иборат аз маводи ғизоӣ, оби ошомиданӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва боми хонаҳоро дар бар мегирад, ки аз Душанбе ва Хуҷанд бо 61 вагон ва 13 мошини боркаш, ки вазни умумии он 3,5 ҳазор тонна буд, фиристода шуд.

барчасп: