Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ
Чоп шуд: 23/04/2024 | redaktorРӯзи 19 апрели соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Айнӣ барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда бо мақсади баланд бардоштани масъулияти хонандагон дар соҳаи ҳифзи шаҳрвандӣ бо иштироки донишомӯзону омӯзгорон ва хадамоти мудофиаи граждании ноҳия “Рузи мудофиаи граждании намунавӣ” гузаронида шуд.