Рӯзи 19 апрели соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Айнӣ барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда бо мақсади баланд бардоштани масъулияти хонандагон дар соҳаи ҳифзи шаҳрвандӣ бо иштироки донишомӯзону омӯзгорон ва хадамоти мудофиаи граждании ноҳия “Рузи мудофиаи граждании намунавӣ” гузаронида шуд.
Дар ин чорабинӣ аз Хадамоти оташнишонӣ бо як адад техника, хадамоти тиббӣ бо як мошини тиббӣ, хадамоти барқ, алоқа, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бо як техника, ДМЗН-и вилояти Суғд дар водии Зарафшон бо як техникаи хидматии бахш 065КН02 бо 5 нафар наҷотдиҳандагон; 38 нафар директорон ва роҳбарони ҳарбии ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ ва Рарз, кормандони техникӣ ва 276 нафар омӯзгорону хонандагони МТМУ №33, дар умум 359 нафар ва 5 техника иштирок карданд.
Машқҳо аз тарафи гурӯҳи наҷот аз ҳисоби хонандагони синфҳои 10 ва 11 ба хонандагон тарзи дурусти наҷот додан ва ба ҷойи бехавф бурдани шахси офатзада, расонидани ёрии аввалини тиббӣ, тарзи дурусти сӯхторхомӯшкунӣ хеле муфиду хотирмон гузаронида шуд.
Намоиш бо тариқи озмун гузаронида шуда, ғолибон ва ташкилотҳои иштирокдошта бо «Сипоснома» ва «Ифтихорнома» ва туҳфаҳо ҳавасманд гардонида шуданд.
Инчунин, ҳамаи хонандагон аз тарзи дурусти истифода бурдани лавозимоти дар гӯшаи сӯхторхомӯшкунӣ буда, ошно гардида, дар чорабиниҳои варзишӣ низ фаъолона иштирок намуданд.
Мақсад аз гузаронидани чорабинӣ баланд бардоштани дониш ва омодагии талабагон оид ба мудофиаи гражданӣ буд.
Полковник М.Ҳамдамов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд.