Идомаи тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар ҷумҳурӣ
Чоп шуд: 29/04/2024 | redaktorТибқи Нақшаи чорабиниҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 дар тамоми ташкилотҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ тамринҳо гузаронида мешаванд.
Бо мақсади ташаккул ва такмил додани малакаҳои рафтори бехатар дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе оид ба мудофиаи гражданӣ давраҳои омӯзишӣ ташкил ва гузарониданд.