28 апрели соли 2024 соати 16:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ боронҳои шадид сабаби омадани селҳо дар ҳудуди деҳаҳои Шараф, Садоқат ва Тоҷикободи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ шуд. Оби сел роҳи мошингардро зери об кард. Аммо ин сел ба хоҷагиҳо зарар нарасонд.
28 апрели соли равон чсоати 15:40 дақиқа аз теппаҳои атроф ба деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Галаободи ноҳияи Хуросон сел омад ва роҳи мошингардро пур кард. Соати 20:45 лоюу лойоба 18 қитъаи наздиҳавлигии сокинони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросонро хароб кард.
Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад ва мизони зарари расиларо муайян мекунад.
Худи ҳамон рӯз соати 17:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ боронҳои шадид сабаби баланд шудани сатҳи об дар канали Ҳоҷиқалъаи деҳаи Зафарободи ҷамоати деҳоти ба номи Ғиёсови ноҳияи Ҷомӣ шуд.
Дар натиҷа 13 қитъаи наздиҳавлигии сокинон ва роҳи деҳа зери об шуд. Ин ҷо низ Комиссияи ҲФ фаъолият мекунад ва корҳои бартараф кардани паёмадҳои он идома дорад.
28 апрели соли 2024 бар асари борони пуршиддат дар мавзеъи Нобиноёни (Лағмон-2) шаҳри Кӯлоб сатҳи оби дарёи Кӯлоб боло рафт ва хатари шуста шудани соҳилҳои чап ва рости рӯдхона ба миён омад.
Барои бартараф кардани ҳолати ба миёномада бо ёрии техникаи вазнини муҳандисӣ дар масофаи 150 метр маҷрои дарё тағйир дода шуд. Ҳамчунин дар маҳаллаи Хати Роҳ сатҳи оби Девонасой баланд шуд. Бо ҷалби тахникаи махсуси Идораи беҳдошти замин ва захираҳои оби шаҳри Кӯлоб тозакунии сой аз селовардаҳо ва лойю лойқа идома дорад.
28 апрели соли 2024 баланд шудани сатҳи оби дарёи Ёхсу ба қайд гирифт ашуд. Об масофаи 70 метр садди ҳимоявиро дар Кӯчабоғи ҷамоати деҳоти Раҷабови ноҳияи Восеъро шуст. Бо ёрии 4 техникаи бахши меллиоратсия ва захираҳои оби ноҳия ба масофаи 120 метр хандақ канда 14 кубики оҳану бетонӣ гузоштанд.
28 апрели соли 2024 болоравии сатҳи об дар рӯди Сурхоб дида шуд, ки садди ҳимоявиро дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Баҳманрӯд ва деҳаи Шибанайи ноҳияи Темурмалик қисман шуст.
Ин селҳо талафоти ҷониву хисороти дигар надоштанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳавои номусоид дар кишвар то 29 апрел боқӣ мемонад ва хатари омадни селҳо, резиши сангу болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо низ.
Сокинон бояд аз қабл ба ин ҳама омода шаванд ва сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаву сангу рег тоза кунанд.
Бехатариву амнияти шуд дар дасти худи шумост!