Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 дар тамоми ташкилотҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ тамринҳо гузаронида мешаванд.
Бо мақсади ташаккул ва такмил додани малакаҳои рафтори бехатар дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе оид ба мудофиаи гражданӣ давраҳои омӯзишӣ ташкил ва гузарониданд.
Тамринҳо дар шаклу усулҳои наву пешрафта мегузаранд ва талош мешавад ҳарчи бештар хонандагону омӯзгорон ба ин машқҳо ҷалб карда шаванд. Ҳадаф омӯзиши амал дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенист.
Ҳангоми машқҳо ҳамаи чорабиниҳое, ки дар “Нақшаи амал оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҲФ” пешбинӣ шудааст, фаро гирифта мешавад.
Дар ин тамринҳо диққати асосӣ ба дарсҳои амалӣ равона шудааст ва ба ширкаткунандагон тарзу усулҳои гуногуни ҳимояи шахсӣ дар ҳар гуна ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ омӯзонида мешавад ва онҳо дар дарсҳои амалӣ ин ҳамаро дар амал иҷро мекунанд.
Ҳадафи аслӣ низ ҳамин гуна омӯзишҳост. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба ин тамринҳо ҳам омӯзгорон ва ҳам хонандагон ҷалб мешаванд.
Кормандони Раёсати КҲФ дар давраи омодагӣ бо мактаббачагон, омӯзгорон ва кормандони хадамот машғулиятҳои таълимӣ гузаронида, дар рафти он: тартиби гузаронидани омӯзиш, ҳаҷм ва пайдарҳамии чораҳои муҳофизатӣ, риояи чораҳои бехатариро баррасӣ карданд.