Ҳалокати як писарбачаи 12-сола дар Ҳоит, ки ба кӯҳ чукричинӣ рафта буд

21 апрели соли 2024 наздик ба соати 10-и субҳ як сокини 12-солаи Ҳоити ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт барои ҷамъоварии чукрӣ ба кӯҳе равон шуд, ки дар наздикии деҳа ҷо гирифта буд.

Аз сабаби он ки баъди боронҳои пуршиддат замин дар кӯҳҳо лағжонак шуда буд, ин писарак сахт лағжид ва аз баландии 40 метр ба поён сарозер шуд.

Дар натиҷаи бархӯрдҳои сахт ба сангу реги кӯҳ ҷароҳатҳои зиёд бардошт ва дар бемористон ҷони худро аз даст дод. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли хонавода, пайвандони ин ноболиғи ҷонсупурда изҳори таслият мекунад.

Ҳамзамон аз сокинон хоҳиш мекунад ба ҷони ҷавони фарзандонашон ҷабр накунанд. Онҳоро беназорат нагузоранд, тани танҳо ба кӯҳҳо ҷамъоварии ҳезуму дорувор ё моҳидорӣ ба соҳили обҳо нафиристанд.

Бахусус рӯзҳои борониву баъди борон рафтан ба кӯҳҳу доманакӯҳҳо хатарнок аст.

ЭҲТИЁТ КУНЕД!

барчасп: