Рӯзҳои 25-26 апрели соли 2024 дар Маркази таълимию методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо иштироки кормандони раёсат ва сарварони шӯъбаҳо, наҷотдиҳандагон семинари омӯзишӣ баргузор мегардад.
Семинарро кормандони Раёсати тиббии КҲФ бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон мегузаронанд.
Дар семинари дурӯза шунавандагон мавзӯъҳои расонидани ёрии аввалия ҳангоми зарбаи барқ, сӯхтор, гармӣ, сармохӯрӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш (хунравӣ, шикастан), газидани ҳашарот, газидани мор, ғарқшавӣ, заҳролудшавӣ ва ғайраро аз ҷиҳати назариявӣ ва баъдан амалӣ меомӯзанд.
Мақсад аз баргузории семинар он аст, ки кормандони воҳидҳои наҷот бори дигар малака ва дониши худро дар самти расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолии осебдида такмил диҳанд.