Рӯзи 23 апрели соли 2024 наздик ба соати 13:30 дақиқа ҳангоми чорвочаронӣ дар чарогоҳи кӯҳӣ як сокини 17-солаи деҳаи Себзори ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд бар асари расиши барқ дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо сокинонро аз хатари раъду барқ огоҳ карда буд. Ду рӯз пеш аз аз эҳтимоли борону раъду барқ огоҳӣ додаву аз сокинон хоста буд дар ин рӯзҳо ба саҳрову дашт ва доманакӯҳҳо ба ғунучини ҳезуму гиёҳ, моҳидорӣ дар соҳили обҳо ва чорвочаронӣ дар чаророгоҳҳо худдорӣ кунанд.
Мутаассифона, на ҳама ба тавсияҳо ва ҳушдорҳо гӯш медиҳанд ва баъзан ин гуна худсариҳо боиси фоҷеа мешавад.
Кумита аз шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода бо ёрии телефонҳои 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 ба ёрӣ даъват кунанд.