9 марти соли 2022 дар роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб (километрҳои 57, 58, 67,68 ва 71), Душанбе - Хоруғ (километрҳои 478 ва 497), Хоруғ-Ишкошим (километри 29) ва роҳи Душанбе – Хоруғ – Мурғоб (километри 58) 18 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Барои тоза кардани роҳ аз барфтӯда хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (IRS) ва наҷотдиҳандагони КҲФ, ки шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд, талошҳои зиёд харҷ кардаву барои рафъи паёмадҳои тарма дастбакор шудаанд.
Роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд ва Хоруғ-Ишкошим муваққатан баста аст.
Дар километри 237-уми шоҳроҳи Дарвоз – Ш.Шоҳин – Кӯлоб, ки аз ҳудуди деҳаи Анҷирободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад, дар натиҷаи боришоти зиёд сангрезӣ низ ба қайд гирифта шуд. Бо ҷидду ҷаҳди коркунони Вазорати наклиёт оқибатҳо бартараф карда шуданд, роҳ кушода шуд.
Ёдовар мешавем, ки хатари фаромадани тарма, омадани сел, сангрезӣ, боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва обанборҳо то охири ҳафта боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои безарурат дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд, аз роҳандозии корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум, ҷамъоварии гиёҳ, моҳидорӣ ва шикор дар манотиқи кӯҳистон низ муваққатан даст кашанд.
Хеле эҳтиёткор бошед ва тавсияҳои КҲФ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати нақлиёт, ширкати IRS - ро риоя кунед.