Activities calendar

15 марти 2022

Хабарҳои рӯзи гузашта: Сели харобкор дар Ашт, обхезӣ дар Восеъ, тарма дар Тоҷикобод ва ВМКБ

Рӯзи 13-уми  марти соли равон тахминан соати 23:10 дақиқа аз сабаби боридани борони шадид сатҳи оби селроҳаи Аштсой ва Пунуксой баланд гардида, ба канали Фарғона мавзеи Косагул, маҳаллаи Янгиободи ҷамоати деҳоти Ориён селоба  сарозер шуд.

Сел ба 18 ҳавлӣ ва 2 хонаи истиқоматии сокинони маҳаллаи мазкур, инчунин ба ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 ва тақрибан 70 гектар замини кишоварзӣ ворид шуд ва зарар расонд.