Activities calendar

18 марти 2022

Рӯйдодҳои рӯзи гузашта. Тармаву селҳо ва ярчи харобкор дар Роштқалъа, Шуғнон, Панҷекат ва чанд роҳи то кунун баста дар қаламрави кишвар

17 марти соли 2022 соати 10:15 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти ба номи К.Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодиса ду хонаи истиқоматии сокинон ва иншооти ёрирасон пурра хароб шуданд. Хушбахтона, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт. Ҳамчунин дар натиҷаи лағзиши тарма 100 метр роҳи мошингард ва 350-400 метр хати интиқоли неруи барқ хароб шудааст.

Наврӯз сапедадами ҳастист...

Наврўз, ки бо номи ҷашни Фарвардин, Наврӯзи Ҷамшедӣ шўҳратёр аст, муҳимтарин ҷашни миллии мост. Умумитарин аст, зеро Наврўз марзе намешиносад ва аз ҳар дару деворе ба сарзамини биҳиштосои мо ворид мешавад ва тамоми қавму мазҳабро дар ин сарзамини бостонӣ яксон шодмон месозад. Наврўз бузургдошти ростию ҳақиқат ва марзу буми сарзамини кўҳан, нишонаи мардуми накўкор ва накўсиришт аст!