Activities calendar

30 марти 2022

ХОКБОД чист?

Хокбод — шамоли сахтест, ки миллионҳо тонна чангро ба масофаи якчанд ҳазор км интиқол медиҳад.

Одатан дар фасли гарми сол дар биёбонҳо, нимбиёбонҳо ва чӯлҳои кушод ҳангоми аз ҳад зиёд хушк шудани хок дар шароити кам будан ё тамоман набудани рустаниҳо ба вуҷуд меояд. Дар ИМА, Чин, Миср, кишварҳои пасошӯравӣ (дар Украинаи Ҷанубӣ, Кавкази Шимолӣ, дар...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хокбод ва хатари тармаву сел

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба идораи ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзи 30-уми март дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон хокбод боқӣ мемонад.

Дар навоҳии кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад. Дар маҳалҳои ҷудогонаи роҳҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ ва вилояти Хатлон хатари омадани сел, резиши санг зиёд аст.