Activities calendar

14 марти 2022

Кумита огоҳ месозад, номусоидии боду ҳаво хавфу хатар дорад! (ВИДЕО)

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар 15-18 марти соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ноустувории вазъи обу ҳаво боқӣ монда, боришот (дар ноҳияҳои водибуда ва доманакӯҳӣ борон, дар баландиҳои 2500 метр борон ва барфи тар) дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд.

Рӯзҳои 15 ва 18 марти соли 2022  дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти...

Тарма ду мошини борбарро дучори фалокат кард. “Дулан” дар Шуғнон ба оби дарё ва «Мерsедеs DAF» дар ҷарӣ сарозер шуданд. Ду нафар ҳалок ва ду тан захмӣ гаштанд

12 марти соли 2022 тахминан соати в 13:30 ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба Душанбе мошини боркаши тамғаи «Мерsедеs DAF», ки аз ҷониби як сокини 45-солаи шаҳри Ҳисор идора мешуд, аз зарби тарма ба ҷарии 100-метра сарозер шуд. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони хадамоти роҳи ширкати IRS ба ҷарӣ рафтанд ва ронанда ва мусофири онро аз дохили мошин боло оварданд.

36 тармаи шабонарӯзи гузашта. Аз оғози сол дар қаламрави кишвар 257 ҳодисаи лағзиши тарма сабт шудааст

Чанд рӯзи охир шоҳиди боронҳои басо пуршиддатем ва ба назар мерасад баҳор аз ом ад-омади худ бо ҳамин боронҳо, ки гоҳо бо раъду барқ низ ҳамроҳ буданд, пайғом медиҳад.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 20 марти...