Тарма ду мошини борбарро дучори фалокат кард. “Дулан” дар Шуғнон ба оби дарё ва «Мерsедеs DAF» дар ҷарӣ сарозер шуданд. Ду нафар ҳалок ва ду тан захмӣ гаштанд

12 марти соли 2022 тахминан соати в 13:30 ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба Душанбе мошини боркаши тамғаи «Мерsедеs DAF», ки аз ҷониби як сокини 45-солаи шаҳри Ҳисор идора мешуд, аз зарби тарма ба ҷарии 100-метра сарозер шуд. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони хадамоти роҳи ширкати IRS ба ҷарӣ рафтанд ва ронанда ва мусофири онро аз дохили мошин боло оварданд.

Ҳарду ба бемористони ноҳиявӣ интиқол дода шуданд. 

Худи ҳамин рӯз дар километри 693 роҳи мошингарди Хоруғ – Мурғоб, ки аз қаламрави деҳаи Ғунди ноҳияи Шуғнон мегузарад, мошини борбари тамғаи “Дулан”, ки аз ҷониби як сокини 63-солаи ноҳияи Рӯдакӣ идора мешуд, ҳамроҳ бо ҳамсафараш – писари 40-солаи ронанда бар асари зарбаи тарма ба дарёи Ғунд саросез шуд. Падару писар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. 

Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ҷасади онҳо пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд. 

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин дар чунин рӯзҳои боронӣ роҳандозии корҳои саҳро, ғунучини ҳезум, алафҳои дорувор, рафтан ба соҳили рӯдхонаҳо барои моҳидорӣ ва шикор ба минтақаҳои кӯҳӣ хатар дорад.

Дар ҳоли ба вуҷуд о мадани ҳолати фавқулода шумо метавонед бо шумораҳои:

112;

93 880 28 19 ва ё ба қисми навбатдорӣ бо рақами 223 13 11 занг занед ва кумак хоҳед.

ВА БОЗ:

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:

225-44-73, 225-44-76, 225-44-90

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

(83222) 2-35-05, 2-78-28

Раёсати КҲФ дар дар ВМКБ:

(83522) 2-40-57, 2-53-47

Раёсати КҲФ дар дар вилояти Суғд:

(83422) 6-58-72, 5-15-55

барчасп: