Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба идораи ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзи 30-уми март дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон хокбод боқӣ мемонад.
Дар навоҳии кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад. Дар маҳалҳои ҷудогонаи роҳҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ ва вилояти Хатлон хатари омадани сел, резиши санг зиёд аст.
Дар робита ба ин, КҲФ бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, аз онҳо хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз чорвочаронӣ дар маҳалҳои хатарзо, рафтан ба соҳили рӯдхонаҳо барои моҳидорӣ ва шикор дар шикоргоҳҳо худдорӣ намоянд.
Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад эҳтиёткор бошанд, чораҳои бехатариро куллан риоя намоянд.
Ҳамчунин хоҳиш карда мешавад ба хотири пешгирӣ аз хатари сел сари вақт ҷӯйборҳо ва каналҳои наздики хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳое, ки метавоннад сабаби вуруди обу лой ба ҳавлиҳо шаванд, тоза намоянд.
Пеш аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ хеле хуб мешуд агар ронандагон ба ахбори хадамоти роҳ, КҲФ ва БДА таваҷҷуҳ кунанд ва агар хатари тармаву сангрезиш бошад, муваққатан аз сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд.