17 марти соли 2022 соати 10:15 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти ба номи К.Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодиса ду хонаи истиқоматии сокинон ва иншооти ёрирасон пурра хароб шуданд. Хушбахтона, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт. Ҳамчунин дар натиҷаи лағзиши тарма 100 метр роҳи мошингард ва 350-400 метр хати интиқоли неруи барқ хароб шудааст.
Ҳамчунин, 17 март бар асари лағзиши тарма дар қаламрави деҳаи Миденшори ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон молхонаи як сокини ин русто зарар дидаву се сар чорвои хурд ҳолок шудааст.
Барои муайян кардани ҳаҷми зарари расида дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият дорад.
Дар натиҷаи боронҳои пуршиддати рӯзҳои охир рӯзи 17-уми март, соати 10:20 дақиқа сатҳи оби сой баланд шуда, пули мошингузари ҷамоати деҳоти Ёрӣ, ки деҳаи Ёриро бо деҳаи Миндонаи ҳамин ҷамоат мепайвандад, хароб кард. Бо ҷалби 1 адад техникаи муҳандисӣ аз МДНРА-и шаҳр корҳои барқароркунӣ идома дорад.
Рӯзи 18-уми марти соли равон, тахминан соати 05:30 дақиқа дар километри 266-уми мавзеи Яхчикули ноҳияи Ш.Шоҳин шоҳроҳи байналмиллалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ярч ба дарозии 30-35 метр фаромада, роҳро баст. Корҳои бартараф намудани паёмадҳои ин ҳодиса бо ҷалби техникаи махсус идома дорад. Роҳ муваққатан баста аст. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт.
18 марти соли 2022 наздик ба соати 02:00 дар километри 423 роҳи мошингарди Кӯлоб – Шоҳин – Дарвоз, дар наздикии деҳаи Поршхар, ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвози ВМКБ резиши санг ба қайд гирифта шуд. талафоти ҷонӣ нест. Роҳ муваққатан баста аст ва поксозии он идома дорад.
Ба маълумоти ронандагон мерасонем, ки тибқи маълумоти субҳи рӯзи 18-уми март роҳҳои мошингарди Кӯлоб- Қалъаи Хумб, Қалъаи Хумб - Ванҷ-Хоруғ ва Ванҷ – Рӯшон муваққатан бастаанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 20-уми марти соли равон дар қаламрави кишвар ҳаво боронӣ хоҳад буд. Хатари болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, лағзиши тар маву резиши санг ва ярч зиёд аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар аз аҳолӣ даъват менамояд, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш ва занбӯруғ, моҳидорӣ, шикор ва чаронидани чорво худдорӣ намоянд.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ё дар қитъаҳое, ки хавфи резиши сангу лағзиши тарма доранд, қоидаҳои ҳаракати роҳро ҷиддан риоя кунанд.
Илова бар ин, КҲФ аз аҳолии муқими доманакӯҳҳо ва манотиқи кӯҳистонӣ хоҳиш мекунад, ки ба ҳолати бомҳо диққат диҳанд. Хасу хасрӯбаҳоро сари вақт аз ҷӯйборҳо тоза кунанд, то оби зиёди борон ба ҳавлиҳо ворид нашавад.
Волидон бояд ба фарзандони хурдсолашон диққат диҳанд. Дар чунин рӯзҳо беназорат гузоштани онҳо хатар дорад ва ҳаргиз нагузоранд, ки тани танҳо лаби наҳру каналҳо раванд. Агар онҳо ба мактаб мераванд, пас аз эҳттимоли ҳар хатари вобаста ба боду борони баҳорӣ огоҳ созед.
Дар ҳоли пеш омадани кадом як ҳодисаи фавқулодда бо телефонҳои: 112, 223 13 11: 221 91 19 ва 93 880 28 19 муроҷиат кунед!