Рӯзи 13-уми марти соли равон тахминан соати 23:10 дақиқа аз сабаби боридани борони шадид сатҳи оби селроҳаи Аштсой ва Пунуксой баланд гардида, ба канали Фарғона мавзеи Косагул, маҳаллаи Янгиободи ҷамоати деҳоти Ориён селоба сарозер шуд.
Сел ба 18 ҳавлӣ ва 2 хонаи истиқоматии сокинони маҳаллаи мазкур, инчунин ба ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 ва тақрибан 70 гектар замини кишоварзӣ ворид шуд ва зарар расонд.
Бо истифода аз 4 адад техникаҳои муҳандисӣ, аз он ҷумла 2 адад техника аз МНДРА-и ноҳия, 1 адад техника аз Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, 1 адад техникаи маҳаллӣ канали Фарғонаро аз лойқа тоза намуданд. Айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад.
Ҳамчунин рӯзҳои 12 ва 13 марти соли 2022 дар ҷамоати деҳоти ба номи Х.Раҷабов, деҳаи Гултеппа, мавзеи Хоҷаи Шоми ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар натиҷаи бориши борони зиёд сатҳи оби дарёи Ёхсу баланд шуда, 850 метр саддҳои муҳофизатӣ шуста шуд.
Ба ҷойи ҳодиса 2 адад экскватор, 1 адад боркунаки фронталӣ, 4 адад мошини боркаш сафарбар гардида, корҳои пешгирикунанда дар саддҳо анҷом дода шуд. 200 адад тахтасанги дар захирабуда, 68 адад тахтасанг аз қисми ҳарбии 45085 оварда шуда ва бо 100 дона плитаи бетонии дигар дар мавзеъҳои аз таъсири сел зарардида васл карда шуд.
268 адад тахтасангҳои оҳану бетонии 1х1 ва 100 адад плитаи бетонии 2х1 дар саддаҳои дарёи Ёхсу хобонида шуда, корҳои барқароркунӣ дар ин самт идома дорад.
Тибқи маълумоти сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бар асари боришоти пай дар пайи барфу борон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нушор дар ду мавзеъи деҳаи Дараи Нушор шаби 13.03.2022 2 адад тарма фаромада, роҳи мошингарди деҳаи мазкурро бо деҳаҳои дигари ҳудуди ҷамоат баст. Баландии як тарма 26 метр, паҳнои он 48 метр ва дарозии зиёда аз 470 метр ва тармаи дигар 20 метр баландӣ, 120 метр паҳно ва бештар аз 400 м етр дарозӣ дошт.
Дар натиҷа хатҳои оби нӯшокӣ ва канали таъмини оби полезии ҷамоати деҳоти Нушор ва ҷамоати деҳоти Зарафшони ҳудуди ноҳия қисман харобу валангор гардидааст.
Барои бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ситоди ноҳиявӣ ташкил карда шудааст. Бинобар номусоидии боду ҳаво ва хавфи лағзиши тарма корҳои бартарафсозӣ то ба имрӯз, 15-уми март мавқуф гузошта шуд.
Ҳамчунин аз лағзиши тарма дар километри 607-уми мавзеи Бидурди ҷамоати деҳоти Сучон, километри 30-юми мавзеи Барчадев, ҷамоати деҳоти Ғ.Шабозов, километри 90-уми мавзеи Тербой, деҳаи Немоф, ҷамоати Сежди ноҳияи Роштқалъа, километри 425-уми мавзеи Оташак, ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷ, километри 550-уми мавзеи Хинбихкини ҷамоати деҳоти М.Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшон хабар дода мешавад.
Рӯзи 14.03.2022 тахминан соати 12:32 дақиқа дар километри 443-уми деҳаи Хехик, ҷамоати деҳоти Язгулом сангчарх фаромада, роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмиллалидоштаи самти Душанбе-Дарвоз-Хоруғ муваққатан баста гардид.
Барои тоза кардани роҳ аз тарафи МНДРА-и ноҳия 1 адад техникаи муҳандисӣ автогрейдер сафарбар гардида, соати 14:25 дақиқа роҳи мазкур дар ин мавзеъ боз шуд.