Вазири корҳои дохилии Туркия ҷаноби Сулаймон Сойлу дар ҷараёни диди боздидҳои худ аз шаҳри бар асари заминларза харобшудаи Қаҳрамонмаръаш ба наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Вазири корҳои дохилии Туркия рӯзи 11-уми феврал аз минтақаҳои офатзада дидан кард ва дар ҷараёни сафари худ ба он қисмат аз шаҳр омад, ки имдодгарони КҲФ фаъолият мекарданд. Ҷаноби Сулаймон Сойлу баъди он ки ба натиҷаҳои фаъолияти имдодгарони тоҷик ошно шуд, ба онҳо изҳори сипос кард ва аз натиҷаи фаъолияташон ситоиш намуд.
Ҷаноби Сойлу ҳамчунин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз офатзадагони Туркия ва ирсоли кумаки фаврӣ сипосгузорӣ намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки 50 нафар наҷотдиҳандагони КҲФ сеюмин рӯз аст, ки дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия саргарми роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот мебошанд. То имрӯз бо талоши онҳо 25 ҷасад ва ду нафари зинда аз зери вайронаҳо берун оварда шуд.
Афроди зинда беруновардашуда як падар бо тифли шашмоҳои худ буд, ки дар айни замон дар бемористон таҳти назорати духтурон қарор доранд.
МАТОЛИБИ ДИГАРИ ИН БАХШ:
- ФАВРӢ! Имдодгарони КҲФ аз зери вайронаҳои шаҳри Қаҳрамонмаръаш ду нафарро зинда берун овраданд. Яке аз онҳо тифли шашмоҳа! (ВИДЕО)
- Наҷотдиҳандагони КҲФ дар Қаҳрамонмаръаш: Нуҳ ҷасадро берун оварданд, туфангчаву камону ороишоти тилло пайдо карданд
- ФАВРӢ: Наҷотбахшони тоҷик дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия чор ҷасадро аз зери вайронаҳо берун оварданд