ФАВРӢ! Имдодгарони КҲФ аз зери вайронаҳои шаҳри Қаҳрамонмаръаш ду нафарро зинда берун овраданд. Яке аз онҳо тифли шашмоҳа! (ВИДЕО)

Дар ҷараёни роҳандозии корҳои наҷот дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафарро зинда аз зери вайронаҳо берун оварданд, ки яке тифли 6-моҳа буд.

Дар натиҷаи истифодаи дақиқи таҷҳизоти наҷот дар умқи як вайрона, зери теппаи сангу бетону хок одамони зиндаро ҳисс карданд. Онҳо хеле ба зудӣ, вале эҳтиёткорона ҳама монеъаҳоро бартараф карданд ва тифли шашмоҳаро ҳамроҳ бо падараш берун кашиданд.

Ин ду нафар зери вайронаҳо муддати 6 рӯз зинда монда буданд. 

Ҳангоме, ки наҷот медоданд, ин ду нафар ба хубӣ вазъро метавонистанд ташхис кунанд.

Ин рӯйдод беназир аст: ШАШ ШАБОНАРӮЗ БА УМЕД ЗЕРИ ВАЙРОНАҲО ЗИСТАНУ БИЛОХИРА РАСТАН АЗ МАРГИ ЭҲТИМОЛӢ!

Падар ва фарзандро ба беморхона интиқол доданд. 

Дар ҷараёни корҳои наҷот то соати 14 бо вақти Туркия имдодгарони Кумита аз зери вайронаҳои хонаҳои истиқоматӣ 25 ҷасадро низ берун овраданд.

Корҳои наҷот ба шиддат идома доранд.