ФАВРӢ: Наҷотбахшони тоҷик дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия чор ҷасадро аз зери вайронаҳо берун оварданд

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин лаҳзаҳо дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия саргарми роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷоти офатзадагон дар зилзилаи Туркия мебошанд, ҷасади чор нафарро аз зери сохтмони фурӯрафта берун овраданд.

Корҳои ҷустуҷӯро ғарами оҳану бетон, дару девори фурӯрафта ва тӯдаи азими регу сангу хок  мушкил мекунад. Лозим меояд басо эҳтиёткоронаву санҷида вориди ҳар тарқиш шаванд ва ё порадеворҳоро бо эҳтиёткории фавқулода бардоранд, то ҷасадҳо ё агар одамони зиндаву маҷруҳ зерашон бошанд, осеб набинанд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи бармаҳали имрӯз, 10-уми феврал, соати 06.00 бо вақти маҳаллӣ дастаи имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар минтақае аз вилояти Қаҳрамонмараши Туркия ба корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот оғоз карданд.    

Корҳои ҷустуҷӯ идома доранд.

барчасп: