Activities calendar

08 феврали 2025

Ҷасорат ва наҷот. Ғаввосони Раёсати КҲФ ҳам ғарқшударо наҷот доданд, ҳам наҷотдиҳандаи ӯро

Ин ҳодиса 7-уми феврали соли равон дар шаҳри Хуҷанд рух дод. Ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар расид, ки як нафар ба қасди худкушӣ аз пули мошингузари шаҳр худро ба дарёи Сир ҳаво додааст 

Наҷотдиҳандагон фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва диданд, ки дар оби пуршӯр ду нафар талош доранд ба соҳил расанд, вале наметавонанд. 

Тамрини мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чоарбиниҳои асосии Раёсат оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи ҳайати роҳбарикунанда, коргарону хидматчиён, такмили малакаи мустақилона амал намудани онҳо дар ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Қолинҳои Қайроққум”-и шаҳри Гулистон рӯзи 7 – уми феврали соли 2025дар  мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳо ҳангоми ру