Тамрини мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чоарбиниҳои асосии Раёсат оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи ҳайати роҳбарикунанда, коргарону хидматчиён, такмили малакаи мустақилона амал намудани онҳо дар ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Қолинҳои Қайроққум”-и шаҳри Гулистон рӯзи 7 – уми феврали соли 2025дар  мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳо ҳангоми рух додани садамаҳои истеҳсолӣ» машқи мудофиаи гражданӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи оперативӣ ва сафарбарии Раёсат подполковник Холмаҳмад Раҷаббойзода, сардори бахши Раёсати Кумита дар шаҳри Гулистон подполковник Шуҳрат Ализода, роҳбарият ва кормандони ҶДММ “Қолинҳои Қайроққум” иштирок намуданд.

7-уми феврали соли 2025 соати 10:00 дақиқа тариқи  нуқтаи хизмати бехатарии ҶДММ “Қолинҳои Қайроққум” оғози машқ (Бонги ҷамъшавӣ) эълон карда шуд. 

Аз ҷониби Сардори ситоди мудофиаи граждании иншоот баъди қабули ишора дар ҶДММ “Қолинҳои Қайроққум” 230 нафар иштирокчии тамрин ва 9 адад техникаҳои гуногун ҷамъ оварда шуданд. 

Ҳайати иштирокчиёни машқи иншотии мудофиаи гражданӣ тибқи руйхат аз қайд гузаронида шуда, аз тарафи Роҳбари машқ бо фармоиши Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд ватартиби гузаронидани машқ шинос карда шуданд.

  Мувофиқи вазъияти шартии машқи иншоотӣ аз ҷониби нерӯҳои ғайриҳарбии иншоот амалҳо вобаста ба наҷоти кормандон ҳангоми рух додани садамаи истеҳсолӣ, расонидани ёриии аввалини тиббӣ, эвакуатсияи кормандон ва хомӯш намдани сӯхторнишон дода шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии иншоот садама бартараф карда шуда, кормандон ба минтақаи бехавф эвакуатсия карда шуданд.

Дар ҷамъбасти машқи иншоотӣ иштирокчиёни фаъол бо Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 Сардори бахши кор бо ҷомеаи  Раёсат

подполковник             Д.М. Маликзода