Activities calendar

07 феврали 2025

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз барфу борони рӯзҳои оянда!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 8-ум то 10-уми феврали соли равон  дар баъзе навоҳи кишвар бориши боронҳои пуршиддат ба барф табдил мешавад.