Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 8-ум то 10-уми феврали соли равон дар баъзе навоҳи кишвар бориши боронҳои пуршиддат ба барф табдил мешавад.
Ин манбаъ боридани барфи шадидро бахусус дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ пешбинӣ мекунад.
Дамои ҳаво сард мешавад ва яхбандӣ дар роҳҳо ногузир аст. Дар ин гуна обуҳавои номусоид ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия дода намешавад, ки барномаҳои сафарӣ аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ дошта бошанд.
Кумита аз сокинон ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад ба хотири таъмини амнияту бехатарӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя кунанд.
КҲФ хоҳиш мекунад дар сурати пеш омадани ин ё он ҳодисаи фавқулода бо рақами 112 ва ё телефонҳои қисми навбатдорӣ: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг зананд.