Ин ҳодиса 7-уми феврали соли равон дар шаҳри Хуҷанд рух дод. Ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар расид, ки як нафар ба қасди худкушӣ аз пули мошингузари шаҳр худро ба дарёи Сир ҳаво додааст
Наҷотдиҳандагон фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва диданд, ки дар оби пуршӯр ду нафар талош доранд ба соҳил расанд, вале наметавонанд.
Ғаввосон фаврӣ ба кумак расиданд. Маълум шуд, ки яке аз ин ду нафар сокини кӯчаи Максим Горкийи шаҳри Хуҷанд буда, 26 сол доштааст. Маҳз ӯ ба ким-кадом сабаби номаълум хостааст худкушӣ кунад.
Шахси дуюм роҳгузар Муслим Ҷӯраев будааст, ки чун дидааст шахсе ғарқ мешавад, барои наҷоташ худро ба оби дарё андохтааст.
Имдодгарони Раёсати КҲФ ҳардуро саломат ба соҳил оварданд.
Сабаби худкушии шаҳрвандро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ мекунанд.