КҲФ ОГОҲӢ МЕДИҲАД: ҳавои ноустувор ва сар задани офатҳои табиӣ дар назар аст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки 2-3 марти соли ҷорӣ дар пайи воридшавии анбӯҳи ҳавои сард, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавои ноустувор бо зуҳуроти хавфноки табиӣ пешгӯӣ мешавад.

  • 2 март: Дар минтақаҳои водию доманакӯҳӣ боришоти борон, ки дар охири рӯз ба барф табдил меёбад. Дар минтақаҳои баландкӯҳӣ асосан боришоти барф интизор аст. Боришоти бошиддат дар баъзе ноҳияҳо пешгӯӣ мешавад.
  • 3 март: Шабона боришоти борон ба барф мегузарад, рӯзона дар ноҳияҳои кӯҳӣ асосан барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо боришоти бошиддат пешгӯӣ мегардад.

Дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои минтақаҳои баландкӯҳӣ, пастшавии ҳарорати ҳаво то 10-12º дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 9-14 м/с, дар ноҳияҳои алоҳида то 20-25 м/с мевазад.

Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ шароити номусоиди обу ҳаво, аз ҷумла яхбандӣ, тормеғ ва бадшавии дурии биниш (то 100 м) пешгӯӣ мешавад.

Дар баъзе минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии вилояти Суғд, шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи тарма пешгӯӣ мешавад.

Тавсия: Шаҳрвандон ба аҳамияти чораҳои эҳтиётӣ дар шароити номусоиди обу ҳаво, махсусан дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ҷумҳурӣ, таваҷҷӯҳ намоянд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар шароити номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётӣ андешанд, аз сафарҳои дароз ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд ва дар роҳҳо бо эҳтиёт ҳаракат намоянд.

КҲФ хотиррасон мекунад: Агар ба ҳолатҳои хатарнок дучор оед, фавран бо рақами 112 ё бо телефонҳои навбатдор ба ин рақамҳо занг занед:

(+992) 93 880 28 19, 221 91 19.

Барномаи мобилии SOS, ки барои ҳамаи телефонҳои мобилӣ дастрас аст, барои кӯмак ба шумо дар ҳолатҳои фавқулодда тарҳрезӣ шудааст.

Ба худ ва оилаи худ ғамхорӣ намоед!

барчасп: