Машқи тактикӣ дар Хоруғ: Кофтукобӣ-наҷотдиҳӣ ҳангоми тарма

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ ба маълумоти умумӣ мерасонад, ки бо мақсади баланд бардоштани савия ва дониши наҷотдиҳандагон дар самти корҳои кофтукобӣ-наҷотдиҳӣ, тибқи фармоиши сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, №23 аз 26.02.2025 машқи махсуси тактикӣ дар мавзӯи “Иҷрои корҳои кофтукобӣ-наҷотдиҳӣ ҳангоми фаромадани тарма ва зери тарма мондани нақлиёти мусофирбар” дар ҳудуди шаҳри Хоруғ гузаронида шуд.

Машқ дар се марҳила гузаронида шуд. Дар марҳилаи аввали машқ, маълумотҳо аз навбатдорони МИҲБ-и Раёсати вилоят оид ба вазъияти баамаломада ва амали наҷотдиҳандагон баъди гирифтани маълумот ҷамъоварӣ гардид.

Дар марҳилаи дуюми машқ, дар ҷои ҳодиса корҳои кофтукобӣ-наҷотдиҳӣ аз тарафи наҷотдиҳандагон бо истифода аз таҷҳизотҳои наҷотдиҳӣ ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба осебдидагон амалӣ шуд.

Дар рафти марҳилаи сеюм, баҳо ва таҳлили натиҷаҳои машқ гузаронида шуд.