Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, дар Шуъбаи КҲФ ва МГ дар минтақаи Кӯлоб бо ҷалби хадамоти мудофиаи гражданӣ, хадамоти оташнишонӣ, хадамоти тиббӣ, хадамоти тартиботи ҷамъиятӣ ва волонтёрон семинар дар мавзӯи «Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама» баргузор гардид.
Аз тарафи дастаи наҷотдиҳандагони шуъбаи минтақавӣ ба ҳозирин намоиши таҷҳизоти наҷотдиҳӣ ва саҳнаи таклидии наҷоти шаҳрвандони осебдида аз бинои бисёрошёна пешниҳод карда шуд.
Ҳамчунин, бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои ғарқшавӣ, дар асоси нақшаи чорабиниҳо, миёни иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавсияҳои амалӣ гузаронида шуданд.