Activities calendar

05 июни 2025

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Ҳамдиёрони азиз!

Фардо иди сайиди Қурбон фаро мерасад.

Ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик гуфта, ба хонадонатон сулҳу осоиш, иқболи баланд ва файзу баракат орзу менамоям. Фарҳанги иди Қурбон таҷассумгари имону садоқат...

Семинари омӯзишӣ оид ба огоҳсозии бармаҳал ва чораҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб

Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, дар Шуъбаи КҲФ ва МГ дар минтақаи Кӯлоб бо ҷалби хадамоти мудофиаи гражданӣ, хадамоти оташнишонӣ, хадамоти тиббӣ, хадамоти тартиботи ҷамъиятӣ ва волонтёрон семинар дар мавзӯи «Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама» баргузор гардид.

Аз тарафи дастаи наҷотдиҳандагони шуъбаи минтақавӣ ба ҳозирин намоиши таҷҳизоти наҷотдиҳӣ ва саҳнаи таклидии наҷоти шаҳрвандони осебдида аз бинои бисёрошёна пешниҳод карда шуд.