Activities calendar

01 июни 2025

Машқи заминларза дар Кӯлоб

Тибқи нақша-чорабиниҳои асосии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, дар хадамотҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб рӯзҳои 29–31 майи соли ҷорӣ машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ таҳти мавзӯи "Амали ҳайати роҳбарикунанда ҳангоми рух додани ҳолати фавқулода (заминларза)" баргузор гардид.

Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ, аз ҷониби кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо сарбозони қисми ҳарбии 45085-и КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ҳарбии 0307-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардиданд.