Activities calendar

02 июни 2025

Заминларза дар Тоҷикистон

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз заминларза дар кишвар хабар дод. Бино ба гузориши ин ниҳод рӯзи 2-юми июни соли 2025, соати 12:03 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 150 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 14 километр ҷанубу-шарқи шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.