КҲФ: Давраи дуюми омӯзиши курси «Омӯзиши сатҳи баланди ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ дар табиат» анҷом ёфт
Чоп шуд: 30/06/2025 | redaktor
Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи дуюми омӯзиши курси «Омӯзиши сатҳи баланди ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ дар табиат» анҷом ёфт.
Дар маросими анҷом ёфтани ин давра раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар ва ҳамоҳангсози ТИКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Этҳем иштирок ва суханронӣ намуданд.