Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи дуюми омӯзиши курси «Омӯзиши сатҳи баланди ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ дар табиат» анҷом ёфт.
Дар маросими анҷом ёфтани ин давра раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар ва ҳамоҳангсози ТИКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Этҳем иштирок ва суханронӣ намуданд.
Генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни суханронӣ таъкид кард, ки наҷотдиҳандагони Кумита, ки дар заминларзаи Ҷумҳурии Туркия фаъолона ширкат варзиданд, ҳамеша барои наҷот омода мебошанд. Ӯ аз сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба низ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин курс наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумита фаъолона ширкат доштанд.
Ҳамзамон, дар анҷоми курс ба иштирокчиёни фаъол шаҳодатномаи хатм ва сипосномаҳо супорида шуданд.