Activities calendar

19 июни 2025

Заминларза дар ҳудуди ноҳияи Рашт: бе хисорот ва талафоти ҷонӣ

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 19 июни соли 2025, соати 00:43 дақиқа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза дар масофаи 170 километр шимолу-шарқии шаҳри Душанбе ва 30 километр шарқии ноҳияи Рашт ҷойгир буда, қувваи заминларза дар маркази он 3–4 балл ва дар ноҳияи Рашт 2–3 баллро ташкил дод.

Пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ Левакант: Вохӯрӣ бо намозгузорон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ

Бо супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва масъулони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Левакант бо намозгузорон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Мақсади асосии вохӯрӣ пешгирии ҳолатҳои ғарқшавии ҷавонону наврасон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳангоми оббозӣ дар кӯлҳо, дарёҳо ва дигар манбаъҳои обӣ мебошад. Масъулин зимни суҳбат ба ҳозирин қоидаҳои бехатарии оббозӣ ва омилҳои асосии ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои нохушро тавзеҳ доданд.

Омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати Миллӣ

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар ҳамаи сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар ин самт масъулин корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.

Чорабиниҳои фарҳангӣ ва баргузории суҳбатҳо миёни ҳайати шахсии қисми ҳарбии 45989 яке аз бахшҳои асосии ин нақша ба шумор меравад.