Бо супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва масъулони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Левакант бо намозгузорон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Мақсади асосии вохӯрӣ пешгирии ҳолатҳои ғарқшавии ҷавонону наврасон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳангоми оббозӣ дар кӯлҳо, дарёҳо ва дигар манбаъҳои обӣ мебошад. Масъулин зимни суҳбат ба ҳозирин қоидаҳои бехатарии оббозӣ ва омилҳои асосии ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои нохушро тавзеҳ доданд.
Таъкид гардид, ки сабабҳои асосии ғарқшавӣ беэътиноии волидайн, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, шиноварӣ дар ҷойҳои хатарнок, нӯшидани машрубот ва низ беназорат мондани кӯдакон мебошад.
Бо наздик шудани мавсими тобистон наврасону ҷавонон бештар ба оббозӣ майл мекунанд. Аммо таъкид шуд, ки риояи қоидаҳои оббозӣ муҳим аст:
• Шиноварӣ дар ҷойҳои мамнӯъ манъ аст.
• Кӯдакон набояд бе ҳамроҳии калонсолон ба оббозӣ машғул шаванд.
• Ҳеҷ гоҳ кӯдакро дар вақти оббозӣ беназорат нагузоред.
• Дар ҷойҳое, ки аломатҳои огоҳкунандаи КҲФ насб гардидаанд, аз оббозӣ худдорӣ намоед.
Чунин вохӯриҳо минбаъд низ дар минтақаҳои гуногун идома хоҳанд ёфт бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҳифзи ҷони шаҳрвандон.