Заминларза дар Тоҷикистон. Бе талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар
Чоп шуд: 18/06/2025 | redaktor
Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз вуқуи як заминларза дар ҳудуди кишвар хабар дод. Ин манбаъ иброз дошт, ки зилзила рӯзи 17-уми июни соли равон, соати 18:45 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод.
Ба гузориши манбаъ Маркаази заминларза 164 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 20 километр шарқи шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.