Заминларза дар Тоҷикистон. Бе талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз вуқуи як заминларза дар ҳудуди кишвар хабар дод. Ин манбаъ иброз дошт, ки зилзила рӯзи 17-уми июни соли равон, соати 18:45 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод.

Ба гузориши манбаъ Маркаази заминларза 164 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 20 километр шарқи шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 4-5 балл ва дар шаҳраки Ғарм 3-4 баллро ташкил дод.

Ин заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт. 

 

барчасп: