Activities calendar

24 июни 2025

Машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Зафаробод

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2025, ки аз ҷониби Сардори мудофиаи гражданӣ – Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 18-уми январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, рӯзҳои 18-20-уми июни соли 2025 дар ноҳияи Зафаробод машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ бо ҷалби ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда гузаронд.

Дар чорабинии мазкур тибқи фармоиши Раиси Кумита аз 10 июни соли 2025, таҳти №164 роҳбари машқ – Сардори шӯъбаи мутобиқати кор бо вазорату идораҳои сарраёсати мудофиаи граждании Кумита

Вохӯрии раиси КҲФ бо фармондеҳи Гвардияи миллии Вирҷиния

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо фармондеҳи Гвардияи миллии штати Вирҷиния, генерал Ҷеймс В. Ринг, вохӯрӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои судмандро баррасӣ намуда, омодагии худро барои тақвияти бештари ҳамкорӣ ва табодули таҷриба изҳор доштанд.