Машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Зафаробод

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2025, ки аз ҷониби Сардори мудофиаи гражданӣ – Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 18-уми январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, рӯзҳои 18-20-уми июни соли 2025 дар ноҳияи Зафаробод машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ бо ҷалби ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда гузаронд.

Дар чорабинии мазкур тибқи фармоиши Раиси Кумита аз 10 июни соли 2025, таҳти №164 роҳбари машқ – Сардори шӯъбаи мутобиқати кор бо вазорату идораҳои сарраёсати мудофиаи граждании Кумита подполковник С. Баҳромзода, муовини роҳбари машқ капитан М. Қурбонов – сардори шӯъбаи банақшагирии Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита, сардори Ситоди машқ – сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Зафаробод подполковник Ҳ. Иброҳимзода, ёварон ва миёнаравон аз ҳисоби афсарони Раёсати Кумита дар вилоят, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Дар машқи мазкур ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, роҳбарони зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягона, ҳайати роҳбарикунандаи Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, Комиссияи эвакуатсионӣ, шӯъба ва бахшҳои Раёсати Кумита дар вилоят ва дар ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва аҳолии эвакуатсияшавандаи ноҳия бо шумораи зиёда аз 650 нафар ҷалб карда шуданд.

Зикр кардан зарур аст, ки фаъолият оид ба соҳаи ҳолатҳои фавқулода дар комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва комиссияи эвакуатсионӣ, зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, тиббӣ, барқ, муҳофизат аз селҳо ва корҳои соҳилбандӣ, коркарди санитарии одамон ва безараргардонии сару либос, хуб ба роҳ монда шуд.

Дар гузаронидани машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи ноҳия ҳайати роҳбарикунанда, бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия, комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва комиссияи эвакуатсионӣ, зернизоми ҳудудии Низоми ягона ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва ҳайати шахсии зернизоми ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода иштирок намуда, амали худро дар гузаронидани корҳои наҷот ва дигар корҳои таъхирнопазир оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ҳангоми ба амал омадани офатҳои табиӣ ва эвакуатсияи аҳолӣ дар ҳудуди мавзеъҳои деҳаи Гулистони Ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳия нишон доданд.

 

Машқи мазкур дар ноҳия дар 3 марҳила гузаронида шуд.

Аҳолии эвакуатсияшавандаи мавзеъи шаҳраки Зафаробод, баъди гирифтани бонги «Хатар», дар нуқтаи қабули эвакуатсионӣ дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №22-и ноҳия ҷамъ оварда шуда, аз қайди комиссияи нуқтаи қабули эвакуатсионӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон дар рафти машқи мукаммал хадамоти зерин вобаста ба супоришҳо дода шуд:

хадамоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳайати 25-нафар;

гурӯҳи иктишофӣ дар ҳайати 6-нафар;

хадамоти таъминоти барқ;

хадамоти сухторхомушкунӣ дар ҳайати 14 нафар бо 2 адад техникаи махсуси оташхомӯшкунӣ;

хадамоти тиббӣ дар ҳайати 20 нафар бо ҷалби 3 адад техникаи махсуси кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ.

Дар баробари гузаронидани машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои ҳудудӣ ва вазифавии Низоми ягонаи ноҳия оид ба нақлиёт ва коммуникатсия, «Ҳифз аз селҳо ва корҳои соҳилбандӣ» ва аҳолии деҳаи Гулистони Ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳия бо ҷалби 80 нафар аҳолии маҳаллӣ, 2 адад техникаи муҳандисӣ ва 3 адад техникаи боркашон, корҳои фоиданок дар ҳаҷми 285 метр тоза намудани селроҳа ба сомон расонида шуд.

Сипас, иштирокчиёни фаъоли машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ бо Сипосномаҳои Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаҳои Сардори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд, Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳияи Зафаробод – раиси Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, сарфароз гардонида шуданд.

барчасп: