Заминларза дар ҳудуди ноҳияи Рашт: бе хисорот ва талафоти ҷонӣ

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 19 июни соли 2025, соати 00:43 дақиқа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза дар масофаи 170 километр шимолу-шарқии шаҳри Душанбе ва 30 километр шарқии ноҳияи Рашт ҷойгир буда, қувваи заминларза дар маркази он 3–4 балл ва дар ноҳияи Рашт 2–3 баллро ташкил дод.

Тибқи маълумоти мавҷуда, дар натиҷаи ин заминларза хисороти моддӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: