Шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Восеъ чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои ғарқшавии шаҳрвандон амалӣ мекунад.

Мувофиқи маълумоти сардори Шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ, полковник Субҳон Усмониён, ҳанӯз қабл аз оғози мавсими шиноварии шаҳрвандон ба тамоми масъулини ноҳия, аз ҷумла ҷамоатҳо ва шаҳракҳо, барқияҳои огоҳӣ ва гузаронидани корҳои пешгирӣ равона карда мешаванд. Илова бар ин, дар ҷамоатҳо, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, масҷидҳои ҷамоатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд, — илова намуд полковник С. Усмониён.

Тадбирҳои пешгирии шаҳрвандон аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ тариқи воситаҳои ахбори омма ва матбуоти даврии вилояти Хатлон низ амалӣ карда шуда, дар ин ҳошия дар рӯзномаи «Гулхани Восеъ» мақолаҳо барои амалӣ намудани ин тадбир нашр карда шудаанд.

«Дар ин мавзеъ оббозӣ кардан қатъиян манъ аст» — чунин суханҳоро дар лавҳаҳо ва овезаҳо омода карда, дар минтақаҳои хавфнок аз шиноварӣ насб карда шудаанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласаи вакилони халқи ҷамоати деҳоти Тугарак, аз ҷониби муовини раиси ноҳия Давлатзода Қурбоналӣ оид ба пешгирӣ аз ҳолатҳои ғарқшавӣ ба вакилони халқи ҷамоат супоришҳо дода шуд.

Ёдовар бояд гардид, ки ташкилу баргузор намудани чунин чораҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ натиҷаи хуб ба бор овардааст. Ин аст, ки хушбахтона дар 6 моҳи соли 2025 дар ноҳияи Восеъ ягон ҳолат ва ҳодисаи фавт дар натиҷаи ғарқшавӣ ба қайд гирифта нашудааст. Мақомот нақша доранд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯр намоянд.

 
барчасп: