Заминларза дар Тоҷикистон

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз заминларза дар кишвар хабар дод. Бино ба гузориши ин ниҳод рӯзи 2-юми июни соли 2025, соати 12:03 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 150 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 14 километр ҷанубу-шарқи шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл ва дар шаҳраки Ғарм 2-3 баллро ташкил ташкил додааст.

Тибқи маълумот ин заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.

барчасп: