Рӯзҳои 23-25 апрели соли 2025 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, раисон ва аъзоёни комиссияҳои мудофиаи гражданӣ, сардорони мудофиаи граждании хадамотҳо, зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии ноҳия оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, иншоотҳои иқтисодӣ, раисони маҳалаҳои деҳот ва қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании ноҳияи Темурмалик доир ба мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии ноҳия оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ҳангоми боридани боронҳои пай дар пай ва зери хавфи обмонӣ қарор гирифтани ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия», ташкил ва гузаронида шуд.
Ҳамзамон дар рафти гузаронидани машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ оғоз аз рӯзи 23-апрели соли 2025 то охири чорабинӣ корҳои пешгирикунанда, фоиданок ва соҳилбандӣ дар соҳили дарёи Сурхоб воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд, бо тарики 1-адад эксковатор ва 1-адад мехлапата 2-мошини Камази Дулан ба масофаи 100 метр тарафи рости дарёи Сурхоб корҳои заминӣ са соҳилбандӣ иҷро шуд.
Аҳолии эвакуатсияшавандаи дар минтақаҳои таҳдиди шусташавии соҳили рости дарёи Сурхоб қарор доштаи маҳаллаи мазкур баъди гирифтани бонги «Хатар», аввал дар нуқтаи ҷамъшавии эвакуатсионӣ вокеъ дар назди варзишгоҳи маркази маҳалаи мазкур ҷамъ оварда шуда, аз қайди комиссияи ба қайдгирӣ дар нуқтаи ҷамъшавӣ, гузаронида шуданд. Сипас бо тариқи 25-адад воситаи нақлиётҳои мусофиркаш 250-нафар ва тариқи пиёда 450-нафар аҳолии деҳоти мазкур ба нуқтаи қабули эвакуатсионӣ воқеъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи No1-и маҳаллаи мазкур, ки дар минтақаи баланди бехатар ҷойгир аст, сафарбар карда шуданд.
Инчунин аҳолии эвакуатсияшуда аз тарафи хадамоти мудофиаи граждании ноҳия дар нуқтаи қабули эвакуатсионӣ яъне дар шаҳраки хаймавӣ аз тарафи хадамоти савдо ва озуқа, бо хӯроки гарми яквақтаина ва оби нушокӣ, хадамоти тиббӣ бо нуқтаи ёрии аввалини тиббӣ ва госпитали сайёр, хадамоти энергетикӣ бо қувваи барқ, хадамоти коммунали техникӣ бо оби нушокӣ ва об барои шустани дасту руй нуқтаҳои ахлотпартой ва ҳоҷатхонаҳо, хадамоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ таъмини амнияти аҳолӣ, хадамоти коркарди санитарии одамон ва безараргардонии capy либос, пешгирии касалиҳои сироятӣ безараргардонии оби нушокӣ, ҳудуд ва дохили хаймаҳо, хадамоти алоқа ва хабардоркуни таъмини алоқа байни нуқтаи ҷамъшавии эвакуатсионӣ, ситоди роҳбарикунандаи машқ ва нуқтаи қабули аҳолии эвакуатсияшаванда ва хадамоти оташнишонӣ таъмини бехатарӣ аз сухтор дар шаҳрчаи хаймавӣ таъмин карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ 850-нафар ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, коргарону хидматчиёни ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, иншоотҳои иқтисодӣ, аҳолӣ ва 80-адад техникаю механизмҳои муҳандисӣ, нақлиёти боркашу мусофиркаш ва махсусгардонида шуда ҷалб карда шуданд.
Сипас, иштирокчиёни фаъоли машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ, ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, сардорони хадамоти мудофиаи гражданӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии ноҳия оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, иншоотҳои иқтисодӣ ва раисони маҳалаҳо бо «Ифтихорнома»-и Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва туҳфаҳои хотиравии Раис-Сардори мудофиаи граждании ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.