Activities calendar

21 апрели 2025

КҲФ: Хатари омадани селҳо боқист. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 22-юми апрел хатари омадани сел боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  як бори дигар ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ, шикоргоҳ барои шикор, чорвочарониву ғунучини гиёҳҳои доруворӣ худдорӣ кунанд.

Мулоқот бо Вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон

21 –уми апрели соли 2025 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳайати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон бо сарвари вазири он генерал-майор Ажикеев Бообек Эргешевич ба ҳузур пазируфт.

Дар доираи барномаи диду боздидҳои худ аз КҲФ ҷаноби Ажикеев Бообек Эргешевич бо кори Маркази идоракунии зиддибуҳронии Кумита шинос шуд.

Заминларзаи нимаи аввали имрӯз

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми апрели соли 2025  соати 11:17 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин зилзила 51 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 59 км шимолу шарқи ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.