Activities calendar

11 апрели 2025

Сели рӯзи гузашта дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ

10 апрели соли 2025 боронҳои пуршиддат сабаби омадани селҳо ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шуд.

Ноҳияи Рӯдакӣ

Чунончӣ,  10-уми апрел соати 04:00 дақиқа бар асари борони пуршиддат  сел дар деҳаи Дараи ҷамоати деҳоти Роҳатӣ 3 ҳавлӣ ва хоҷагии ёрирасони се сокини ин деҳаро аз обу лой пур кард.

Партоби 36 мушак ба абрҳои жолазо дар шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Ёвон, Данғара ва Ҷалолуддини Балхӣ

10 апрели соли 2025 аз соати 13:00 то 13:45 дақиқа кормнадони Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд мавзеъ бо партоби мушакҳои “Аллазан” абрҳои жолазоро пароканда карданд.

Чунончӣ, кормандони Хадамоти зидди жола бо партоби 36 мушаки зидди жола дар ҳашт минтақа абрҳои жолазоро парешон карданд 

Мулоқоти Раиси КҲФ бо иҷрокунандаи вазифаи сардори UN FAO дар Тоҷикистон

10 апрели соли 2025 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо ҳайати Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) таҳти сарварии Иҷрокунандаи вазифаи Сардори Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (UN FAO) дар Тоҷикистон  ҷаноби Агаси Арутюнян баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ баррасӣ шуданд.

Мулоқот бо Сафири Ҷумҳури Туркия дар Тоҷикистон

10 апрели соли 2025 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умут Аҷар баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Раиси КҲФ ба меҳмони олимақом дар бораи корҳое, ки дар самти идоракунии ҳолатҳои фавқулодда дар ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад, инчунин оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ