Семинар-машварати омӯзишӣ дар Кумита

11 апрели соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳайати шахсӣ дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита генерал-майор Сулаймон Исозода бо иштироки ҳайати шахсӣ семинар-машварати омӯзишӣ доир гардид.

Дар семинари мазкур, намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Суман – сардори шуъбаи қонунгузории маориф, илм, фарҳанг ва иттилоотии Сарраёсати қонунгузорӣ ва Назарзода Маҳина – сармутахасиси Раёсати бақайдгирӣ ва баҳисобгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намуда, дар мавзуҳои “Тартиби таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мувофиқаи он аз ҷониби вазорату идораҳо” ва “Тартиби таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилиидоравии хусусияти умумиҳатмидошта, мувофиқасозӣ ва бақайдгирии онҳо” баромад намуданд.

Дар фарҷоми семинар, мубодилаи афкор сурат гирифта, ҳайати шахсӣ ба саволҳои додашудаи худ ҷавобҳои мушахаси қонеъкунанда гирифтанд.

барчасп: