Activities calendar

09 апрели 2025

Мусоидати илмӣ-технологии Академияи илмҳои Чин дар мавриди пешгирии офатҳои табии вобаста ба об

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази тадқиқотии экология ва ҳифзи муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи илмҳои Тоҷикистон оид ба мониторинги интеллектуалии офатҳои табиии вобаста ба об семинар баргузор намуд.

Тарма дар Рӯшон

9-уми апрели соли 2025 соати 06:50 дақиқа дар километри 492-уми роҳи  Душанбе – Ванҷ – Рӯшон – Хоруғ, ки аз қаламрави деҳаи Возванди ҷамоати деҳоти Муминшоҳ Абдулвосиев мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Барои роҳандозии корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин офати табиӣ техникаи махсуси хадамоти роҳи ноҳия ҷалб шуд. 

Сӯхтор дар бинои 12-ошёнаи шаҳри Душанбе. Талафоти ҷонӣ нест!

8 апрели соли 2025 соати 19:29 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алангаи сӯхтор дар кӯчаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода, бино 18 воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт хабар расид.

 Сӯхтор дар ошёнаи 8-уми бинои 12-ошёна оғоз шуда, ба ошёнаи 9-ум гузаштаст. Кормандон техникаи сӯхторхомӯшкунии хадамоти зидди сӯхтори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расидаанд.

 

КҲФ: Рӯзҳои пурбориши оянда. Хатари тармаву сел. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар рӯзҳои оянда ҳавои номусоид пешбинӣ шудааст.

Ин манбаъ гуфтааст, ки дар аксари ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва навоҳии кӯҳии вилояти Суғ боронҳои пуршиддат, раъду барқ дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ эҳтимоли боридани жола вуҷуд дорад. Шамол бо шиддати 13-28 метр дар як сония мевазад.

Рӯзҳои 9-10-уми апрел ба сабаби боронҳои шиддатнок дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар эҳтимоли лағзиши тарма ва омадани селҳо вуҷуд дорад.