Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар рӯзҳои оянда ҳавои номусоид пешбинӣ шудааст.
Ин манбаъ гуфтааст, ки дар аксари ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва навоҳии кӯҳии вилояти Суғ боронҳои пуршиддат, раъду барқ дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ эҳтимоли боридани жола вуҷуд дорад. Шамол бо шиддати 13-28 метр дар як сония мевазад.
Рӯзҳои 9-10-уми апрел ба сабаби боронҳои шиддатнок дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар эҳтимоли лағзиши тарма ва омадани селҳо вуҷуд дорад.
Бар асари ин падидаҳои ҳавошиносӣ рух додани ҳодисаҳои фавқулодаи зерин имкон дорад:
- эҳтимоли афзоиши садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, бахусус дар ҷодаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, маҳдуд шудани ҳаракати мошинҳо дар роҳҳо дар натиҷаи шуста шудани пулҳо, зери обу лой ва сангу рег мондани минтақаҳои ҷудогона дар натиҷаи омадани селҳо;
- эҳтимоли зери об мондани нуқтаҳои аҳолинишин бар асари боронҳои пуршиддат ва омадани селҳои харобкор. Ин ҳолат замоне мумкин аст, ки селроҳаҳо, ҷӯву заҳбуру каналҳо аз қабл тоза карда нашуда бошанд;
- эҳтимоли зери об мондани қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо, болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои хурд, ки дар натиҷа метавонад оби барзиёд аз соҳилҳо берун шавад ва ба хонаву ҳавлиҳои сокинон ворид гардад ва ё роҳҳоро барои ҳараати мошинҳо номумкин кунад, киштзорон зери об монанд;
Бо мақсади рӯбарӯ нашудан ба ин гуна ҳодисаҳо КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад сари вақт ҷӯву заҳбуру каналҳо ва селроҳаҳои маҳалҳои худро аз ҳар гуна бодовардаҳо, сангу регу хок ва олудагиҳои дигар пок созанд.
Ғайр аз ин ҳавои номусоид, бодҳои шадид, раъду барқ ва боронҳои пуршиддат метавонад сабаби хароб гардидани хатҳои интиқоли қувваи барқ, шикатану рӯи роҳ уфтодани дарахтон, зарар дидани бомпӯшҳои сокинон, шикастан ва ё афтодани сутунҳои сустниҳоди рекломҳо ва ғайра шавад.
Кумита аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо ба чорвочаронӣ ба кӯҳу доманакӯҳҳо нараванд.
Аз рафтани ба ғунучини занбӯруғҳо, ҳезуму гиёҳҳои шифобахш, шикор, ба соҳилҳо ба моҳидорӣ худдорӣ кунанд.
КҲФ ёдовар мешавад, ки дар сурати пеш омадни ҳолатҳои фавқулода бо телефонҳои 112 ва (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг зананд.