Ҳушдори КҲФ аз тӯфони гарду ғубори рӯзҳои оянда. ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Чоп шуд: 28/04/2025 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон, рӯзи 28 апрели соли 2025 дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво эҳтимоли омадни селҳо вуҷуд дорад.
Илова бар ин, аз 30 апрел то 2 майи соли ҷорӣ дар манотиқи ҷанубу ғарбӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бинобар тағйирёбии обу ҳаво тӯфони гарду ғубор пешгӯӣ мешавад.